Корманди қарзи дар н. Кушониён Корманди қарзи дар н. Кушониён

ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 100 корманд дар саридораи ш. Бохтар ва дар 6 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.

Вазифаи кор:

• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;

• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;

• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;

• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.

Талабот:

• Маълумоти миёна (ё олӣ);

• Тассавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;

• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;

• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;

• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).

Аризаи худро ба ин суроға пешниҳод намоед: Почтаи электр.: hr@furuz.tj ё инки ба суроғаи зерин анкетаатонро супоред: н. Кушониён, Ҷ/Ш И.Сомонӣ, к. И. Сино, Маркази хизматрасонии маблағгузории хурди "Фурӯз".

Телефон барои маълумот: 7272; 987044437

Оцените вакансию