Маъмури системаҳои иттилооти, системный администратор Маъмури системаҳои иттилооти, системный администратор

ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 90 корманд дар саридораи ш. Бохтар ва дар 6 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.

Вазифаи корӣ:

• Таъмини кори доимии сервер (компютери асосии ташкилот) ва дигар компютерҳо ва таҷҳизотҳои техникӣ, ки ба системаи иттилооотӣ таалуқ доранд.

• Таъмин кардани ҳолати кории кормандон ва омӯзонидан, машварат додани истифодабарандагон ҳангоми кор бо шабакаи Интернет, истифодаи почтаи электронӣ.

• Таъмини муҳофизат аз дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилоот, дидан ё иваз кардани файлҳо ва маълумоти система, инчунин таъмини бехатарии ҳамкории байнишабакавӣ.

• Кор бо барномаи идоракунии итилоотӣ MFsys;

Талабот:

• Маълумоти олӣ дар соҳаи системаҳои иттилоотӣ-технологияҳои компютерӣ ё сертификат оид ба идора намудани системаҳои иттилоотӣ.

• Донистани забонҳои тоҷикӣ, руссӣ (англисӣ – афзалят дониста мешавад).

• Муоширати хуб доштан.

Аризаи худро ба ин суроға пешниҳод намоед:

ш. Бохтар (Кӯрғонтеппа), кӯчаи Айни 27 (рӯ ба рӯи беморхонаи Даво)

тел. 98-9118527; почтаи электр.: hr@furuz.tj

Оцените вакансию