Мутахассиси шӯъбаи кадрҳо дар ш.Бохтар Мутахассиси шӯъбаи кадрҳо дар ш.Бохтар

ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурд «Фурӯз» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. Фурӯз аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи Фурӯз додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «Фурӯз» 90 корманд дар саридораи ш. Бохтар ва дар 6 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.

Вазифаҳои корӣ:

• Иҷрои коргузории кадрӣ, таҳияи фармонҳо ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои кадрӣ тибқи қонунгузории ҶТ;

• Таҳия, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории дафтарчаҳои меҳнатӣ;

• Ҳамоҳангсозии ба рухсатиҳои меҳнатӣ баромадани кормандон, омодасозии нақшаҳои солонаи рухсатиҳо;

• Таҳияи ҳисоботҳои муқарргардидаи кадрӣ барои роҳбарият ва мақомотҳои давлатӣ;

• Мусоидат намудан дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо барои кормандон;

• Таҳия ва аз нав дида баромадани дастурамалҳои мансабӣ;

Талабот:

• Собиқаи корӣ дар соҳаи бонкӣ;

• Таҷрибаи дар ҷодаи кор бо кормандон, таълим, фаъолияти маъмурӣ ва идоракунии умумӣ;

• Дониши озодонаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ (англисӣ – афзалят дониста мешавад);

• Малакаҳои махсуси муошират ва ҳалли масъалаҳо, ҳамкориҳои байнифардӣ;

• Малакаҳои кор бо компютер, маҳорати кор бо ҷадвалҳои электронӣ ва муҳаррирони матнӣ;

• Дақиқӣ, таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт ва пайравӣ ба принсипҳои шаффофият дар кори худ;

• Қобилият ба зудомӯзӣ, майли зиёд нисбати худомӯзии мустақилона.

Аризаи худро ба ин суроға пешниҳод намоед:

ш. Бохтар (Кӯрғонтеппа), кӯчаи Айни 27 (рӯ ба рӯи беморхонаи Даво),тел. 98-911-85-27; почтаи электр.: hr@furuz.tj

Оцените вакансию