Мутахассиси шӯъбаи технологияҳои иттилооти - IT Мутахассиси шӯъбаи технологияҳои иттилооти - IT

ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 90 корманд дар саридораи ш. Бохтар ва дар 6 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.

Вазифаҳои корӣ:

• Ба кор омодасозии техникаи компютерӣ ва техникаи ташкилии зерсохторҳои ташкилот

• Ҳалли масъалаҳое, ки дар алоқамандӣ бо кори таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ ба вуҷуд меоянд

• Амалӣ намудани таъминоти техникии кормандон ҳангоми кор бо системаҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти компютерӣ

• Гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва таъмирӣ вобаста ба техникаи компютерӣ

Талабот:

• Маълумоти олӣ дар соҳаи системаҳои иттилоотӣ-технологияҳои компютерӣ ё сертификат оид ба идора намудани системаҳои иттилоотӣ.

• Донистани забонҳои тоҷикӣ, руссӣ.

• Таҷриба ва малакаи кор дар соҳаи технологияҳои иттилооти

• Муоширати хуб доштан.

Аризаи худро ба ин суроға пешниҳод намоед:

ш. Бохтар (Кӯрғонтеппа), кӯчаи Айни 27 (рӯ ба рӯи беморхонаи Даво)

тел. 98-9118527; почтаи электр.: hr@furuz.tj

Оцените вакансию