Сардори шӯъбаи хазинадори дар ш.Бохтар Сардори шӯъбаи хазинадори дар ш.Бохтар

ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз рӯи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозорро аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 90 корманд дар саридораи ш. Бохтар ва дар 6 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Вазифаи кор:

• Банақшагирӣ, тақсим ва идоракунии ҳаракати ҷараёни пули ва сармояи ҷалбшаванда

• Назорати риояи меъёрҳо оиди ухдадориҳо

• Кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонки дар ташкилотҳои қарзӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо сомони ва асъори хориҷӣ.

• Муносибгардонии сохтори гардиши пули нақд бо мақсади баланд бардоштани сифати идоракунии фаъолияти Ташкилот;

• Назорат оиди мавқеъи асъори ташкилот ва назорати қурби асъор.

• Воситаҳои озоди пулиро ба ҳисобҳои депозитӣ чойгир намояд. Фурӯши қисми даромади асъорӣ, ташкили хармоҳаи ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ за рӯи ҳисобҳои ҷории транзитии воситаҳои пулӣ.

• Тайёр кардани ҳисоботҳои дахлдор ба БМТ

Талабот:

• Маълумоти олӣ (иқтисодӣ)

• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдори ё молия 3 сола

• Донистани забони тоҷикӣ ва руси (донистани забони англисӣ афзалият дорад);

• Қобилияти робитасозӣ

• Таҷриба ва дониши аъло бо компютер ( Microsoft Office; Интернет)

• Қобилияти аъло доштан дар таҳлили молиявӣ

Аризаи худро ба ин суроғаҳо пешниҳод намоед:

ш. Бохтар (Кӯрғонтеппа), кӯчаи Айни 27 (рӯ ба рӯи беморхона Даво)

тел. 98-911-85-27; почтаи электр.: hr@furuz.tj

Оцените вакансию